Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ронанда бар асари ҳодисаи нақлиётӣ

29-уми декабри соли 2024, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Кемри”, Шарифзода Аҳтам Назарали, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Душанбе дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори бетонии канори чапи роҳ бархӯрда, ба канори рости роҳ баромада автомашинаро чаппа намудааст. 
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур Шарифзода А.Н. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

30.12.2024 15:28
79