Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ду нафар барои авбошӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 32 ва 26-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти афбошӣ дастгир карда шуданд. 
Гумонбаршавандагон бо ҳамроҳии ҷавони 20-солаи сокини пойтахт ва шахси ба тафтишот номаълум 28-уми декабри соли 2024, тахминан соати 06:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе қарор доштанашон бо марди 27 ва ҷавони 22-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҷангу ҷанҷол намуда, якдигарро лату кӯб карда, тартиботи ҷамъиятиро 10-15 дақиқа дағалона вайрон намудаанд.
Дар натиҷа, марди 32-сола бо корд марди 27 ва ҷавони 22-соларо якчанд маротиба зарба задааст. 
Ҷабрдидагон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

30.12.2024 14:53
38