Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ярмаркаи солинавӣ дар ВКД

Бахшида ба таҷлили ҳама гуна ҷашну чорабиниҳои идона бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ярмаркаи молу маҳсулоти хӯрока баргузор мегардад.
Ин навбат низ дар арафаи Соли нави 2025-ум дар шафати бинои асосии Вазорати корҳои дохилӣ, баҳри ғанӣ гардонидани дастурхони шаҳрвандон ва таъмин намудан бо маҳсулоти хушсифат чунин ярмаркаи маводи хӯрока доир карда шуд.
Дар ярмаркаи мазкур хоҷагиҳои ёрирасон аз шаҳру ноҳияҳои Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи марказ, инчунин дигар корхонаву ширкатҳо маҳсулоти худро бо нархи дастрас пешкаши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ намуданд.
Нархҳо дар муқоиса бо бозорҳои ҷумҳурӣ 40-50 фоиз арзон пешкаш гардид. Масалан: 1 кг гӯшт - 40-50 сомонӣ, 1 қуттӣ тухм - 15 сомонӣ, 1 литр равған - 10 сомонӣ, 1 кг биринҷ - 7,8 ва 10 сомонӣ, киллои пиёзу сабзӣ - 1,5 сомонӣ, себ - 3,5-5 сомонӣ, 1 кг картошка - 3 сомонӣ, 1 дона банан - 2 сомонӣ, бодирингу помидор - 7 сомонӣ ва монанди ин, дигар маҳсулот пешкаши харидорон гардонида шуданд.
Н. ҶОБИРОВ

30.12.2024 9:00
139