Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани якчанд ҳодисаи нақлиётии марговар

28-уми июни соли 2024, тахминан соати 20:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Латипов Акбар Мирзоназарович, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Муъминобод, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ноҳияи Муъминобод ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Боғчаии ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисмати қафои автомашинаи боркаши тамғаи “КАМАЗ”, таҳти идораи Нуров Хабир Пираҳмадович, соли таваллудаш 1976, сокини ҳамин ноҳия, ки дар канори роҳ истода буд, бархӯдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Латипов А.М ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
29-уми июни соли 2024, тахминан соати 17:20-дақиқа, ронандаи воситаи наклиёти тамғаи «Опел-Астра», Қӯзиев Шерзод Нишонбоевич, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Хуҷанд-Ашт», дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳ баромада автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Қӯзиев Ш.Н. ва мусофири автомашинаи мазкур Ҳошимова Гулноза Набиҷоновна, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Ашт, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофири дигар Худойбердиева Озода Шавкатҷоновна, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Ашт, бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидааст.
30-юми июни соли 2024, тахминан соати 11:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, Асадуллоев Исматулло Мирзобоевич, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Роғун, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Роғун дар шоҳроҳи “Ваҳдат-Рашт-Лахш” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти 30-солагии Истиқлоли ноҳияи Файзобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, ки таҳти идораи Раҷабов Саъдулло Давлатович, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Роғун дар канори роҳ дар ҳолати беҳаракатӣ меистод, бармехӯрад.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, Асадуллоев И.М. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад. 

01.07.2024 19:12
20