Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВКД
Имрӯз (28.12.2024), дар маҷлисгоҳи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсӣ тамошои дастаҷамъонаи Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ доир ба самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва дастовардҳои Ҳукумати мамлакат дар даврони 33 соли Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории навини Тоҷикистони мустақил маълумоти дақиқ гирифтанд.
Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ инъикосгари воқеъии ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии мамлакат буда, дар он вазъи ҷорӣ ва дурнамои рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, имкониятҳои иқтисодиву молиявии давлат ҷиҳати иҷрои нақшаҳои тарҳрезишуда, фаъолияти бонизом ва муназзами мақомоти ҳокимияти давлатӣ, идоракунӣ ва ҷамъиятӣ, вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, инчунин самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар мавриди таҳлили Сарвари давлат қарор дода шуданд.
Тавре зикр гардид, Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ бо дарназардошти муайян кардани самтҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳои дурнамои соли 2024 матраҳ гардид.
Аз ин хотир дар Паёми имсолаи хеш Президенти кишвар доир ба самтҳои асосии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир аз қабили терроризм, экстремизм суханронӣ намуда, доир ба таъмини сулҳу субот ва оромии кишвар таваҷҷухи хоса зоҳир намуданд.
Ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ, аз ҷумла бо дастовардҳои баланди иқтисодиву иҷтимоӣ таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба соли 2026 рост меояд, Пешвои миллат ба вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои иловагӣ доданд.
Бо итминон метавон гуфт, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ таъкидҳои ҳадафмандонаи Пешвои миллатро дар самти рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ватани азизамон сармашқи кори худ қарор дода, мекӯшанд дар пешбурди вазифаи хизматии хеш содиқонаву софдилона адои вазифа намоянд.
Абдулмуъмин Зайниддинзода,
Холмаҳмад Касиров