Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пайдо намудани бедаракшуда баъди 21 сол

Пайдо намудани шахсони бедаракшуда, ки алоқамандии онҳо бо наздикону пайвандон канда шудааст, яке аз равандҳои фаъолияти бисёрсамтаи мақомоти корҳои дохилӣ маҳсуб меёбад. 
Кормандони ХШБ ШВКД дар шаҳри Панҷакент дар натиҷаи омӯзиши парвандаҳои кофтуковӣ вобаста ба беному нишон гум шудани сокини деҳаи Шӯрноваи ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент шаҳрванд Бегимқулов Толиб Нарзуллоевич соли таваллудаш 1972, ки соли 2003 азми сафар ба Федератсияи Россия карда то ин дам аз ӯ ягон хату хабар набуд, макони зисти ӯро дар Ҷумҳурии Қазоқистон муайян ва баъди 21 соли бедаракшавӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардониданд. Тавре дар ҷараёни корбарӣ масъулини хадамоти шиносномадиҳӣ муайян карданд, номбурда ҳангоми сафар ба Федератсияи Россия дар соли 2003 дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, осеби майнаи сар бардошта, ба бемории фаромӯшхотирии иртиҷоӣ гирифтор мешавад. Яъне маълумот дар бораи худ, наздикону пайвандон ва ҷойи зистро пурра аз хотир бароварда то ин дам дар ҳавлии шаҳрванди Қазоқистон, воқеъ дар шаҳри Чимкент истиқомат менамояд.
Дар ШВКД шаҳри Панҷакент парвандаи кофтуковӣ нисбати бедаракшуда Толиб Бегимқулов дар асоси аризаи падараш соли 2014 оғоз гардида буд.  Дар давраи 21 соли бенишонӣ падару модар дар қайди ҳаёт нестанд, аммо дарёфт гардидани ӯ барои ҳамсару фарзандон ва дигар аъзоёни оила хурсандибахш гардид. 
Истифода аз барномаҳои муосири интернетӣ ҷиҳати дарёфти бедаракшуда ва ҳамкорӣ бо Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ҳамсоякишвар имконят медиҳад, ки хадамоти шиносномавию бақайдгирии милитсияи шаҳри Панҷакент суроғаи зисти бедаракшуда Толиб  Бегимқуловро пайдо намуда, бо таҳияи ҳуҷҷатҳои лозима ӯро ба муҳити хонавода баргардонад. 
Пайдо намудани шахси бедаракшуда сабаб шуд, ки ному насаби Толиб Бегимқулов аз рӯйхати шахсони бедарак ғайбзада бардошта ва парвандаи кофтуковӣ қатъ гардад.
Муваффақияти ин коргузорӣ дар он ифода меёбад, ки бо кӯмаки милитсия сарҷамъии як оила таъмин карда шуд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

28.12.2024 15:32
139