Тамошои дастаҷамъонаи Паём дар РВКД дар вилояти Суғд
Имрӯз (28.12.2024), Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар бинои нави мақоми олии қонунгузори кишвар, бинои муҳташами Маҷлиси Олӣ баргузор гардид, роҳбарият ва ҳайати шахсии шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи марказии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дастаҷамъона, мустақиман тамошо карданд.
Президенти мамлакат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро дар соли 2024 дар қиёс ба солҳои гузашта таҳлил намуда, дар баробари натиҷагирии солона ва таъкиди дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, вазифаҳоро барои сохторҳои давлатӣ ҷиҳати таъмини ҳаёти осоишта ва рушди давлат муайян намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳама шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тамошои Паёми Пешвои миллат ташкил карда шуд.