Пахш намудани аробакаш аз ҷониби ронандаи ҷавон
27-уми декабри соли 2024, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Маҳмудов Чилахон Давлатхуҷаевич, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи М.Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Қаҳрамон ба самти деҳаи Садбаргҳои ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аробакаш Шералиев Рустам Ҳотамович, соли таваллудаш 1959, сокини ноҳияи М.Ҳамадониро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Шералиев Р.Ҳ. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.