Аз беэҳтиётӣ пахш намудани зани 64-сола бо электро скутер
Зимни баргузор намудани чорабиниҳо оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони аз беэҳтиётӣ расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 19-уми ноябри соли 2024, тахминан соати 17:40-дақиқа, дар назди бинои “КФС”, воқеъ дар кӯчаи Б.Ғафурови шаҳри Душанбе тавассути дучархаи барқии “Электро скутер” ҳаракат намуда, аз уҳдаи идораи он набаромада, пиёдагард зани 64-солаи сокини пойтахтро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.