Аз ҳиссиёти авбошӣ расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 23-юми декабри соли 2024, тахминан соати 22:00, дар кӯчаи К. Сеткинаи ҳамин ноҳия ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос бо ӯ ҷангу чанҷол намуда, бо корди дар дасташ буда, якчанд маротиба ба дасташ зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.