Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паём - роҳнамои  миллат!

Паёми Президенти мамлакат, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мавлиси Олии кишвар, ки 28 декабри соли 2024 ироа шуд, як дастури ҳаётиест, ки самтҳои асосии тамоми соҳаҳои пешрафти мамлакат барои як соли оянда тарҳрезӣ шуда, иҷрои саривақтии он аз ҳар як сокини кишвар масъулияти ҷиддиро тақозо мекунад. 
Дар Паёми имсола бисёр масъалаҳои муҳиму аввалиндараҷа, аз ҷумла самти асосии сиёсату дохилӣ ва хориҷӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ тавасути ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, тарбияи кадрҳо, солҳои 2025 – 2030 эълон гардидани солҳои рушди технологияҳои рақамӣ ва инноватсия, баҳри дастгирии соҳибкорӣ эълон гардидани моратория ба ҳама намуди санҷишҳо то соли 2027, соҳаи илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ, нафақа, стипендия вазифагузорӣ карда шудааст.
Инчунин пас аз тамошои дастаҷамъии кормандони дастгоҳи сарраёсат шарҳи дастаҷамонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар толори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз тарафи муовини сардори Сарраёсат полковники хизмати дохилӣ Султонзода С., баргузор гардид.
Паёми Президенти кишвар ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин яке аз унсурҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд буда, тавассути он роҳбари давлат ба намояндагони халқ вобаста ба он дастовардҳо, камбудиҳо ва дурнамои рушди кишвар ахборот манзур намуданд.
Дар масъалаҳои марбут ба идоракунии давлатӣ, ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатӣ, муносибати байниҳамдигарии давлат ва шахс, вазъи қонунгузорӣ ва амалияи он, шуур, маданият ва маърифати ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини сулҳу субот дар давлат, минтақа ва ҷаҳон, низоми иқтисодии кишвар ва рақобатпазирии он, вазъи тандурустиву некуаҳволии сокинони кишвар ва имрӯзу фардои он, фарҳанг ва илму маориф дар кишвар натиҷагирӣ ва баррасӣ гардиданд.
Мо мардуми шарафманди тоҷик, ҳамеша дар ҳама ҷо бояд ифтихор кунем, ки соҳиби давлати мустақил ҳастем. Баробари ифтихор худро барои пойдории давлат масъулу вазифадор ҳисобем. Зеро истиқлолияти кишвари мо дар синни ҷавонӣ қарор дошта, инкишофу такмил меёбад.
Дар Паём роҳбари давлат, Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус қайд карданд, ки ҳадафи олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин муҳайё сохтани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як сокини мамлакат мебошад. Ҳар як корманди давлатиро зарур аст, ки ҳангоми ичрои вазифаҳои хизматии худ ин ҳолатро ғояи асосии худ қарор диҳад. Хизматчиёни давлатӣ, новобаста аз он, ки дар кадом муассисаву мақомот ва дар кадом сатҳ фаъолият намуда истодаанд, бояд дарк кунанд, ки ҷамъият ва давлат маҳз онҳоро интихоб намуда, дар наздашон иҷрои ин ё он кореро вогузор кардаанд, ки дар маҷмуъ барои расидан ба ҳадафи олӣ равона шудааст. Гарчанде онҳо як унсури сохтори давлатдорӣ бошанд ҳам, аз кори дурусти онҳо ва дар маҷмуъ аз кори дурусти ҳамаи хизматчиёни давлатӣ шароити зиндагии сокинони мамлакат вобастагӣ дорад.
Зайдулло Давлатзод, корманди СХДО ВКД ҶТ.

28.12.2024 15:08
68