Ҳалокати пиёдагард дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ
26-уми декабри соли 2024, тахминан соатҳои 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Дэу-Тико», Одинаев Суҳробҷон Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи мошингарди “Душанбе-Турсунзода”, аз уҳдаи идора воситаи нақлиёт набаромада дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода, пиёдагард Бобораҳимов Абдуманон Робихонович, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Бобораҳимов А.Р. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.