Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил 

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини  ноҳияи Шаҳритус бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни максади тасарруф дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, шаби 19-уми декабри соли 2024, соати 00:00, бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии марди 30-солаи сокини ҳамин ноҳия шуда, аз онҷо  автомашинаи шахсиаш тамғаи “КIA-К5”-ро ғайриқонунӣ ҳай карда ба самти номаълум бурдааст. 
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

27.12.2024 10:13
29