Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳқиқи навор

Назорати шабакаҳои интернетӣ имкон дод, ки милитсияи Суғд аз ҳолати корношоям гаштани чароғаки танзимкунандаи ҳаракат дар роҳ, воқеъ дар буриши кӯчаи Аминҷон Шукӯҳӣ бо хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд таваҷҷуҳ намуда онро бартараф намояд. Дар саҳифаи фейсбукии «Ахбор барои афкор» санаи 24 декабр матни «Чароғаки роҳнамои ш. Хуҷанд «пчёлка» масъули ин чароғак шумо куҷоед!» бо акс гузошта шуда,  истифодабарнадагони шабакаи интернетӣ бартараф намудани ҳолати мазкурро аз масъулин талаб намудаанд. Дар акс дида мешавад, ки қолиби ранги сурхи чароғаки роҳнамо шикаста модули он овезон аст. Дар ҷараёни таҳқиқи навор шуъбаи БДА Раёстаи ВКД дар вилояти Суғд муайян намуд, ки 24 декабри соли 2024, тахминан соати 06:30-дақиқа, дар натиҷаи расиши бордони нақлиёти калонҳаҷми боркаш ба чароғаки роҳнамо ҳангоми  аз кӯчаи Аминҷон Шукӯҳӣ баромадан ба хиёбони Исмоили Сомонӣ осеби техникӣ ба амал омадааст.
Бо дархости шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд қисми корношоям шудаи чароғаки роҳнамо аз тарафи Корхонаи давлатии махсусгардонидашудаи ҷумҳуриявии васлу истифодаи назди Раёсати БДА ВКД бартараф карда шуд. Ҳамзамон ҷиҳати таъмини дидашавандагии кифоя дар мавзеи мазкур шохи дарахтони гирду атрофи чароғаки роҳнамо шаклдарорӣ гардид.
Раёсати ВКД дар вилояти Суғд.

26.12.2024 16:31
66