Баррасии масоили марбут ба тамбашавӣ дар роҳҳо дар суҳбат бо сардори РБДА ВКД
Боиси ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванди кишвар аст, ки дар ин даврони соҳибистиқлолӣ Ватани азизамон дар қатори дигар кишварҳои пешрафтаву тараққикардаи олам, марҳила ба марҳила рушд менамояду бо бунёд гардидани ҳазорҳо иншооти наву муосир, гулгашту хиёбонҳо, нақбу пулҳо ва шоҳроҳу роҳҳои автомобилгарди ҷавобгӯ ба талаботи замон, ободу сарсабз ва маъруфи оламиён гардидааст.
Имӯз роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои зертобеи он, дар баробари пешбурди самти фаъолият баҳри ҳифзи ин дастовардҳо, ҳамзамон дар ҳолати хуб қарор доштани роҳу нақбҳои мошингузар, ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт, инчунин таъмини бехатарии шаҳрвандону ронандагон чораҳои заруриро андешида истодаанд.
Барои равшанӣ андохтан ба ин мавзуъҳо, инчунин дигар масоили марбут ба ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ ва таъмини бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо, суҳбате анҷом додем бо сардори Раёсати БДА ВКД генерал-майори милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод, ки онро пешкаши хонандагони сомона мегардонем.
- Муҳтарам генерал, имрӯз Шумо низоми ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар роҳҳои автомобилгарди шаҳру навоҳии кишвар чӣ гуна баҳо медиҳед?
Чуноне ҳамагон хуб медонем, пас аз соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ ва тадриҷан беҳ шудани шароити иҷтимоиву иқтисодии мардум, сол то сол шумораи воситаҳои нақлиёт низ рӯ ба афзоиш ниҳодааст, ки ин аз як тараф нишонаи баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум бошад, аз ҷониби дигар дар назди кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ баҳри таъмини бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо ва назорати ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиётӣ масъулияти бештар пеш гузоштааст.
Дар ин асно, имрӯз тамоми кормандони БДА ВКД дар саросари ҷумҳурӣ раванди хизмати шабонарӯзиро пурзӯр карда, баҳри иҷрои вазифаҳои хизматӣ, дастуру супоришҳои роҳбарият ва иҷрои нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида корбарӣ намуда истодаанд.
Бояд қайд кард, ки ҷиҳати иҷрои талаботи боби 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳҳо», дар ҳудуди кишвар амалиёти «Муоинаи техникӣ» ҷараён дорад, ки ин ҳам бошад, баҳри таъмини бехатариву амнияти иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ равона гардидааст.
Мақсад аз роҳандозии амалиёти мазкур - пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ, таъмин ва нигоҳ доштани воситаи нақлиёт дар ҳолати хуби техникӣ, сари вақт аз муоинаи техникӣ гузаштан ва пардохти андози давлатии истифодаи нақлиёт мебошад.
Мувофиқи талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳолати техникии воситаи нақлиёт бояд ба меъёрҳои муқараргардида ҷавобгӯ бошад.
- Шумо мегуфтед, ки ронандагон дар куҷо аз муоинаи техникии воситаҳои нақлиёти худ гузашта метавонанд?
Айни замон дар ҷумҳурӣ 50 нуқтаи ташхиси техникӣ ва 12 нуқтаи ташхиси техникии сайёр арзи вуҷуд доранд, ки бо техникаву таҷҳизоти навтарин муҷаҳҳаз ва ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мувофиқ мебошанд, ки дар онҳо корманд-мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи БДА ВКД фаъолият менамоянд.
Бояд қайд кард, ки то замони роҳандозӣ намудани амалиётҳои муоинаи техникӣ, роҳбарият ва масъулини БДА ВКД бо ҷалби кормандони муҳандисию техникии корхонаву идораҳои давлатӣ, ҷамъиятҳои мусофиркашонӣ ва ронандагони воситаҳои нақлиёт суҳбату вохӯриҳо гузаронида, зимни ин корҳои профилактикӣ муҳиммияти гузаронидани муоинаи техникиро ба онҳо мефаҳмонанд.
Аз ҷумла, масъулини РБДА ВКД дар корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1», «Автобус-2», ҶДММ «Талко-Персия», «Сабоҳ-таксӣ» ва дикар корхонаву идораҳо вохӯриҳо гузаронидаанд.
Зимни ин вохӯриҳо ба самъи ҳозирин масъалаҳои вобаста ба санҷиши ҳолати техникии воситаи нақлиёт, риоя намудани реҷаи кории ронандагон, инчунин оид ба охирин тағйиру иловаҳои воридкарда ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти қоидавайронкуниҳо расонида шудааст.
- То ба имрӯз чӣ қадар воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ гузашта, санади утилизатсия (нобудсозӣ) ба даст овардаанд?
То ба имрӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 510000 воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ гузаштаанд, ки зимни гузаронидани муоина мутахассисони БДА ВКД ҷиҳати дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доштани воситаи нақлиёт ба соҳибони онҳо маслиҳатҳои муфид медиҳанд.
Дар масъалаи бақайдгирии воситаҳои нақлиёт қайд кардан зарур аст, ки то ба имрӯз беш аз 471 ҳазору 256 адад воситаи нақлиёт ба қайд гирифта, ба ронандагони онҳо баргаи утилизатсия (нобудсозӣ) дода шудааст.
- Аксаран ҳолатҳои тамбашавӣ дар роҳҳоро ба зиёд будани теъдоди воситаҳои нақлиёт, инчунин ба идомаи таъмири роҳҳо сабаб пеш меоранд. Андешаи Шумо дар ин бора ва оид ба бартараф намудани ин гуна ҳолатҳо чӣ пешниҳодҳо доред?
Имрӯз кормандони БДА ВКД ва воҳидҳои поёнии он дар минтақаҳои хизматии худ дар сурати сар задани чунин ҳолатҳо, ки аслан дар назди бозору марказҳои савдо ва дигар маконҳои серодам ба вуқуъ меоянд, тамоми қувваи худро равона намуда, мушкилоти пешомадаро дар кӯтоҳтарин фурсат бартараф месозанд.
Бояд гуфт, на ҳамеша сабаби тамбашавӣ зиёд гардидани воситаҳои нақлиёт ва ё таъмири роҳҳо мегарданд. Омили асосии тамбашавӣ ин аз ҷониби баъзе ронандагон дар ҷойҳои номуайян таваққуф намудан, дар хатҳои дуюму сеюми ҳаракат ист кардан, ки бештар ба ин ҳолатҳо ронандагони нақлиётҳои мусофиркашон роҳ медиҳанд, инчунин убури ду хати рост, ки бештар ба садамаҳои нақлиётӣ оварда мерасонад, мебошанд.
Барои пешгирӣ намудани омилҳои ба ин гуна ҳолатҳо мусоидаткунанда, сараввал бояд иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, новобаста ба он ки онҳо чӣ гуна воситаи нақлиётро идора мекунанд, ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донанд, маданияти баланди шаҳрвандии худро нишон диҳанд.
- Дар кадом ҳолат ронанда бояд роҳро барои воситаҳои нақлиёти махсус озод намояд ва умуман, ҳуқуқи дар роҳи барои воситаҳои нақлиёти махсус муайянгардида ҳаракат карданро дорад?
Дар ин бобат бояд қайд кард, ки албатта ҳар як ронанда вазифадор аст, ки ҳангоми падид омадани воситаҳои нақлиёти махсус, аз қабили ёрии таъҷилӣ, сӯхторхомӯшкунӣ, милитсия ва дигар воситаи нақлиёти нишонаи махсусдошта онҳоро роҳ диҳанд.
Тибқи талаботи банди 16-и қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми июни соли 2017 таҳти №323 тасдиқ гардидааст, ҳангоми наздик шудани воситаи нақлиёти аз берун нақши махсуси рангадошта бо чароғҳои шуълавари рангҳои кабуду сурх ва сигнали овозии махсуси бакордаровардашуда, ронандагон вазифадоранд барои таъмини гузашти бемамониати воситаи нақлиёти мазкур, инчунин воситаи нақлиёти (воситаҳои нақлиёти) таҳти мушоияти он қарордошта роҳ диҳанд.
Дар чунин ҳолат сабқат намудани воситаҳои нақлиёти мазкур манъ аст.
Мувофиқи моддаи 318-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои итоат накардани ронандагони воситаҳои нақлиёт ба чароғаки роҳнамо ё ишораи танзимгар, роҳ надодан ба нақлиёти барои гузаштан бартаридошта, ба андозаи аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Итминон дорем, ки ронандагони мо ба чунин камбудиҳо роҳ надода, дар ҳама ҳолат бо як маданияти баланди шаҳрвандӣ амал менамоянду кумаки худро мерасонанд.
Бояд гуфт, имрӯз кормандони Раёсати БДА ВКД ва воҳидҳои поёнии он баҳри рушду пешрафт ва тараққиёти мамлакат, бехатарии ҳаракат дар роҳ ва таъмини амнияти шаҳрвандон донишу малакаи худро равона намуда, вазифаҳои ба зимма доштаашонро сарбаландона иҷро карда истодаанд.
Р. ИЛЁСЗОДА,
У. ОЛИМ,
Т. ЛАТИПОВ