Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоот оид ба гирифтани маълумотнома дар бораи доштан (надоштан)-и доғи судӣ

Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки ҳангоми гирифтани маълумотнома дар бораи доштан (надоштан)-и доғи судӣ, шурӯъ аз 1-уми январи соли 2025 ҳатман маълумотнома дар бораи гузаштан аз қайди давлатии дактилоскопӣ (изи даст)-ро пешниҳод намоянд.   
Ба фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Дастурамал оид ба пешниҳод намудани маълумот дар бораи доштан (надоштан)-и доғи судӣ ва ё мавҷуд будани таъқиби ҷиноятӣ”,  тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шуданд:
“Ариза дар бораи доштан (надоштан)-и доғи судӣ бо тартиби муқарраргардида дар қабули шахсии шаҳрвандон дар мақомоти корҳои дохилӣ (шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ) аз рўйи ҷойи зисти аризадиҳанда, муроҷиат ба унвони роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (СМИТ, РВКД), мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” бо манзур намудани ҳуҷҷатҳои зайл қабул карда мешавад:
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиносномаи миллӣ ё хориҷӣ, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи тағйири ному насаб (ҳангоми мавҷуд будан) ва шаҳодатномаи таваллуд барои ноболиғон);
- маълумотнома дар бораи гузаштан аз қайди давлатии дактилоскопӣ (ба истиснои ноболиғон ва шахсоне, ки таҳти васоят ва парасторӣ қарор доранд);
- пешниҳоди расиди пардохти хизматрасонӣ (ба истиснои ҳолатҳои дар эзоҳи Нархнома қабулшуда). 
Ариза бо риояи талаботи коргузорӣ ба қайд гирифта шуда, барои баррасӣ ба Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва марказҳои иттилоотии РВКД дар вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳо тавассути мактуб ирсол карда мешавад”;
“Ҳангоми ғайриимкон будани ҳузури шахс, ки қаблан аз қайди давлатии дактилоскопӣ гузаштааст, бо ариза оид ба масъалаи пешниҳод намудани маълумот дар бораи доштан (надоштан)-и доғи судӣ ва ё мавҷуд будани таъқиби ҷиноятӣ, шахси ваколатдори ў бо ҳуҷҷати тасдиқкунанда муроҷиат карда метавонад.
Ба шахсе, ки қаблан аз қайди давлатии дактилоскопӣ нагузаштааст маълумот дар бораи доштан (надоштан)-и доғи судӣ ва ё мавҷуд будани таъқиби ҷиноятӣ, тариқи ғойибона пешниҳод карда намешавад”;
“Маълумотнома дар бораи доштан (надоштан)-и доғи судӣ ва ё мавҷуд будани таъқиби ҷиноятӣ ба шаҳрвандон ҳангоми қаблан гузаштан аз қайди давлатии дактилоскопӣ тариқи санҷидани будани онҳо дар қайди давлатии дактилоскопӣ аз ҷониби корманди Раёсати ташхисӣ (экспертӣ)-криминалистӣ бе такроран гузаштан аз қайди давлатии дактилоскопӣ пешниҳод карда мешавад.
Маълумотнома дар бораи доштан (надоштан)-и доғи судӣ ва ё мавҷуд будани таъқиби ҷиноятӣ ба ноболиғон ва шахсоне, ки таҳти васоят ва парасторӣ қарор доранд, бо пешниҳод намудани аризаи волидайн ё намояндагони қонунӣ бо нишон додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ё муқарраркунандаи васоят ва парасторӣ пешниҳод карда мешавад”.
Кормандони масъули Раёсати ташхисӣ (экспертӣ)-криминалистӣ барои аз қайди давлатии дактилоскопӣ гузаронидани шаҳрвандон ва санҷидани онҳо, дар нуқтаи гирифтани изи даст дар шафати бинои асосии Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилӣ сафарбар карда шудаанд.

25.12.2024 17:57
75