Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ҳодисаҳои нақлиётӣ дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Ҷ.Балхӣ

23-юми декабри соли 2024, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Портер”, Ҷурақулов Баҳодур Асламқулович, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, дар дохили заминҳои хоҷагии деҳқонии “Сари Камар”, воқеъ дар деҳаи Меҳрвари болои ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ ҳангоми бор кардани ғузапоя номбурда автомашинаро ба қафо ба ҳаракат даровардааст, ки дар ҳамин вақт бо қисмати қафои автомашинааш Шарипов Маҳмадали Акбарович, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Ҳамадониро пахш намудааст.
Дар натиҷа Шарипов М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
24-уми декабри соли 2024, тахминан соатҳои 00:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Садриддинов Абдураҳим Абдухалилович соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Дӯстӣ ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Тайота MR-2”, таҳти идораи Лолахонов Парда Гулмаҳмадович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Дӯстӣ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Садриддинов А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва мусофирони дохили автомашинаи мазкур Фатоев Навруз Раҷабович, соли таваллудаш 1996, Фатоев Абдуҷабор Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1990, сокинони ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошата, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. 
Инчунин ронандаи автомашинаи тамғи “Тойота”, Лолахонов П. ва мусофиронаш Абдуҷалилов Ҳабибулло Авазович, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад. 

25.12.2024 10:18
24