Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолатҳои қаллобӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, моҳи сентябри соли 2024 бо маслиҳати пешакӣ бо дигар шариконаш бо номи “Бела”  аз шабакаҳои интернетӣ барои ба даст овардани фоида барномаи иттилоотии худро дар як намуд бозии интернетӣ бо номи “КФС” таъсис дода, дар шабакаҳои иҷтимои “ИНСТАГРАМ”, “ВОТСАП” ва “ТЕЛЕГРАМ” ташвиқоти худро оғоз намуда, бо роҳи фиреб ба боварии дар умум 50 нафар шаҳрвандон даромадааст, ки аз ҷумлаи ин нафарон марди 43-сола ва зани 33-солаи сокинони шаҳри Душанбе мебошанд, ки дар маҷмӯъ ба маблағи 947 ҳазору 465 сомонӣ ба суратҳисоби бозии мазкур гузарондаанд, гумонбаршаванда маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати худ сарф намудааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбарда, 17-уми сентябри соли 2022 бо роҳи фиреб ба бовари зани 34-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 35 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ бар ивази маблағи мазкур манзили истиқоматӣ харидорӣ карда медиҳад, аммо ӯ ваъдаашро иҷро накарда маблағи ба даст овардаашро ба манфиати худ сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

25.12.2024 10:15
35