Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз ҳиссиёти авбошӣ қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ 

24-уми декабри соли 2024, тахминан соати 13 ба 14:00, ду марди 35-солаи сокинони шаҳри Кӯлоб, ки якеашон пеш бо моддаҳои 212 ва қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, бо ду марди 28-солаи сокинони шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди дар дасташон буда 1-маротиба ба тарафи чапи пушти сари як ҷабрдида ва 1-маротиба ба тарафи чапи гардани ҷабрдидаи дигар зарба зада ба онҳо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ расонида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия яке аз гумонбаршавандагон дастгир шуда, барои дастгир намудани гумонбаршавандаи дувум чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот давом дорад.

25.12.2024 10:11
34