Ҷалби ронандагон ба ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қатори дуюми самти ҳаракат
Тайи чанд муддат аст, ки кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо дигар хадамотҳои милитсия бо дастури роҳбарияти ВКД бо мақсади бартараф кардани мушкилоти тамбашавии воситаҳои нақлиёт корбарӣ намуда истодаанд. Гуфтан ба маврид аст, ки ингуна ҳолатҳои халалдорсозандаи ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт асосан дар шаҳрҳо ва дар баъзе аз маркази маъмурии ноҳияҳо дида мешавад. Таваққуф дар қатори дуюму сеюм ва риоя накардаи қоидаҳои ҷойивазкунӣ омилҳои бавуҷудоварандаи тамбашавӣ мебошад. Имрӯзҳо милитсия бо истифода аз интишори қоидавайронкунӣ дар ВАО мехоҳад ҳолатҳои мазкур пешгирӣ карда шавад ва мунтазам дар ҷодаҳои нақлиётгард бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ таъмин бошад.
Дар ҷараёни роҳандозии корҳои назоратию санҷишӣ масъулини БДА дар вилояти Суғд таваққуфи нодуруст аз ҷониби ронандагони зеринро ба қайд гирифт. Аз ҷумла:
- ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «БМВ», рақами қайди давлатиаш 70-00 GV/02, Баротов Хайруллоҷон Насруллоевич;
- ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Таёта-Камри», рақами қайди давлатиаш 10-00 UO/20, Қодиров Мирзоҳотам Шерович;
- ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Хундай-Соната», рақами қайди давлатиаш 80-80 ОВ/02, Қаюмов Ҷаҳонгир Аҳадович;
- ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Хундай Сантафе», рақами қайди давлатиаш 78-24 МН/02, Бахиров Диловар Каримҷонович;
- ронандаи воситаи нақлиёти барқии тамғаи «Weltmeistar» рақами қайди давлатиаш 18-07 WA/02, Қурбонов Ҷаҳонгир Равшанҷонович барои дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд дар қатори дуюм таваққуф кардан ва ба вуҷуд овардани ҳолати тамбашавӣ нисбаташон маводи маъмурӣ бо дастрасии талаботи моддаи 346 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Ба ҳамин монанд ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 00-08 GL/02 Иноятов Назирҷон Насимҷонович дар шоҳроҳи «Ғафуров-Хуҷанд» ҳудуди «Сомон Бозор»-и шаҳри Бӯстон воситаи нақлиёташро дар қатори дуюми самти ҳаракат гузошта барои танбашавии воситаҳои нақлиёт мусоидат кардааст. Номбурда низ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шуд.
Бо пешниҳоди матлаби мазкур Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба ронандагон риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро тавсия менамояд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.