Дастгир гардидани ҷавони 23-сола барои муомилоти ғайриқонунӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Ш.Шоҳин бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд.
Ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи шахсиаш, тамғаи «Мерседес Бенс», 13-қуттӣ (блок), ки дар дохили он дар умум 6 ҳазору 110 дона маводҳои тарфгарӣ бо номгӯи «Трения Х-201» буд, дарёфт карда гирифта шудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 иловаи 1 моддаи 199 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.