Ғайриқонуни ҳай карда бурдани автомобил бидуни мақсади тасарруф
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 20-уми декабри соли 2024, тахминан соати 05:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аатомашинаи шахсиаш тамғаи “ДЭУ-ЛАБО”-ро, ки дар канори роҳи назди манзили истиқоматиаш беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда ба самти номаълум бурдаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 23-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.