Огоҳӣ бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш ва ҳифзи ҳаёт аз тамоми шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҳангоми истифода аз ангишт барои гарм кардани хонаҳо дар ин фасли сард эҳтиёт карда, қоидаҳои бехатариро ҳатман риоя намоянд.
Зеро дар вақти истифодаи оташдону бухорӣ, ҳангоми сӯхтани ангишт, агар лӯлаҳои дудкашу дудбаро нодуруст бошанд, гази ғализе, ки аз ангишт ҷудо мешавад, метавонад сабаби заҳролудшавӣ гардад.
Зиёд баромадани ин газ инсонро ба ҳалокат мерасонад.
Бинобар ин, бори дигар аз тамоми сокинони кишвар эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҳангоми истифода аз ангишт, ҳезум ва асбобҳои барқӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя намоянд.