Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати мусофир дар ҳодисаи нақлиётӣ

18-уми декабри соли 2024, тахминан соати 21:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Комилзода Муртазо Комил, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар 219 километри шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, ҳудуди деҳаи Сурхи ҷамоати деҳоти Қ.Калони шаҳри Истаравшан, аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Панҷакент ҳаракат карда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи «Мерседес-Бенс-2541», таҳти идораи Исмоилзода Муслими Маҳмадӣ, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Ваҳдат, бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Комилзода М. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, мусофири автомашинаи мазкур Додобоев Рустам Насруллоевич, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Хуҷанд дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

20.12.2024 15:21
49