Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ҳодисаи дуздӣ дар ноҳияи Қубодиён

Ба ШВКД дар ноҳияи Қубодиён аризаи марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 9-уми декабри соли 2024, тахминан соатҳои 02:00 ба 03:00, шахсони номаьлум бо роҳи пинҳонӣ вориди дӯкони саққобозиаш шуда, аз онҷо 6-адад таҷҳизоти бозикунии “Сони-4”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Зарари расонидашуда 23 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавонони 20 ва 23-солаи сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

20.12.2024 15:15
36