Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ барои авбошӣ
17-уми ноябри соли 2024 тахминан соати 21:30-дақиқа, марди 36-солаи сокини шаҳри Норак бо марди 32-солаи сокини шаҳри мазкур аз ҳиссиёти авбошӣ ҷангу ҷанҷол намуда, якдигарро бо қамчин ва корд мавриди лату кӯб қарор додаанд, ки бо ин кирдорашон тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд.
Оид ба ин ҳодиса нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷининоятӣ бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.