Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 34-сола бо ҷурми ғоратгарӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, 25-уми ноябри соли 2024, тахминан соати 21:00, дар кӯчаи Шодиёнаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ҳамроҳии марди 28-солаи сокини ноҳияи Рашт нишаста машруботи спиртӣ истеъмол намуда, бе ягон асос бо ҳамдигар муноқиша кардаанд.
Сипас гумонбаршаванда бо мақсади аз худ намудани маблағҳои дар дасти ҷабрдида буда, 1 маротиба бо мушт дар зери гарданаш зарба зада ӯро ба замин  афтонида, бо роҳи ошкоро аз ҷайбаш 800 сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-03”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Инчунин, гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ рӯзи 22 ба 23-юми октябри соли 2024 ҳангоми дар гардиши бозори “Корвон”-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарор доштанаш, бе ягон асос бо марди 47-солаи сокини шаҳри Панҷакент муноқиша карда, бо зарфи шишагии дар дасташ буда 1 маротиба ба сари ҷабрдида зарба зада ӯро ба замин афтонида бо роҳи ошкоро аз ҷайбаш 600 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

20.12.2024 15:06
25