Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани қаллобӣ ба маблағи наздик ба 2 миллион сомонӣ 

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 47-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки соли 2018 марди 46-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ маҳсулотҳои барқӣ аз қабили “Трансформатор” ва ноқилҳои барқиро ба маблағи 1 миллиону 770 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки маблағи мазкурро дар кӯтоҳтарин муддат бармегардонад, аммо то ҳол маблағи мазкурро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

19.12.2024 15:13
51