Қадрдонӣ барои ғалаба дар мусобиқаи байналмилалӣ
Варзиш муаррифгари халқу миллатҳо буда, он метавонад дар навбати худ, баҳри дарёфти чеҳраҳои нав мусоидат намояд. Ҳамин аст, ки дастаи варзишгарони «Динамо»-и ВКД дар якҷоягӣ бо тими «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар Федератсияи Россия доир гардид, ширкат карда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.
Бояд зикр намуд, ки дар ин мусобиқаи байналмилалӣ варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Сербистон, Туркия ва ду даста аз Россия иштирок намуданд. Дар натиҷа, дастаи футболи кишвари мо мақоми дуюмро касб намуд.
Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо варзишгаронро ба ҳузур пазируфта, онҳоро ба ин муваффақият дар мусобиқаи ҷаҳонӣ таҳният гуфта, барояшон дар минбаъда низ барору комёбӣ орзу намуд.
Ҳамчунин, зикр карда шуд, ки аз ҳисоби дастаи Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД дар дигар намудҳои варзиш ҳам варзишгаронро тарбия бояд намуд, то ин ки Парчами кишвари моро дар сатҳи ҷаҳонӣ парафшон созанд.
Дар навбати худ, сардори шуъбаи тайёрии ҷисмонӣ, корҳои ташкилӣ-оммавӣ ва варзишии Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД майори милитсия Сабур Бахтиҷамолзода барои дастгирии варзишгарон ба роҳбарияти ВКД миннатдорӣ баён намуда, зикр кард дар оянда ҳам кӯшиш хоҳанд намуд, ки боз дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок карда, ҷойҳои сазоворро ишғол намоянд.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ