Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чораҷӯӣ бо мақсади пешгири аз тамбашавӣ

Баҳри таъмини ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои нақлиётгарди вилояти Суғд чорабиниҳои мақсадноки кормандони БДА идома дорад. Дар ин раванд таваққуфи нодуруст, вайрон кардани қоидаи ҷойивазкунӣ ва итоат накардан ба аломатҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки боиси тамбашавии воситаҳои нақлиёт, халал расонидан ба ҳаракат ва хизматрасониҳои  воситаҳои нақлиёти махсуси оташнишонӣ, ёрии таъҷилӣ, милитсия ва дигар ронандагон мегардад таваҷҷуҳ бештар аст. Ҳамзамон пешгирӣ ва ошкор намудани қоидаҳои дағали ҳаракат дар роҳ мавриди корбарии милитсия қарор мегирад.
Зеро мушкилоти мазкур рӯз ба рӯз доман паҳн карда ҳолатҳои заминагузоранда ба рух додани ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ шуда истодааст. Ингуна мушкилот асосан дар шаҳрҳо, маркази маъмурии ноҳияҳо, саҳни бозор, марказҳои савдою хизматрасонӣ, гирду атрофи истгоҳҳо дида мешавад.
Кормандони шуъбаи БДА вилояти Суғд баҳри бартараф кардани мушкилоти пешомада ва таъмини бехатарии шаҳрвандон дар ҷодаҳои нақлиётгард сафарбар гардида корбари менамоянд.
Дар доираи ингуна рейдҳои санҷишӣ бо таваққуфи нодуруст ба тамбашавӣ боис шудани кирдори ронандагони мазкур ошкор гардид. Аз ҷумла:
- Раҳмонов Абдуқаюм Каримбердиевич - ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «ВYD», рақами қайди давлатиаш tj 71-77 WМ/02 барои дар қатори дуюм таваққуф кардан дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд; 
- Рӯзиев Муллорӯзи Расулович - ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Мазда-6», рақами қайди давлатиаш tj 4584 АW/02, барои дар қатори дуюм тавақуф кардан дар кӯчаи Шарқи шаҳри Хуҷанд;
- Ашӯров Ҷамшед Ҷафарович - ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «КИА К-5», рақами қайди давлатиаш tj 7007 NF/01; 
- Маҳкамзода Зафар Маҳкам-ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Лексус RХ», рақами қайди давлатиаш tj 45-45 GG/02; 
- Пулотов Абдушариф Абдурауфович-ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Мерсадес-Бенс», рақами қайди давлатиаш tj 8000 QO/02;
- Қурбонов Умарҷон Хуршедович - ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш tj 00-27 NХ/01;
- Раҳимов Садриддин Имомидинович  ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Опел вектра» рақами қайди давлатиш tj 3389 МР/ 01 ба ҳамингуна таваққуфи нодуруст дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд роҳ дода воситаи нақлиёти таҳти идораашон қарор доштаро дар қатори дуюми самти ҳаракат гузоштаанд. Қоидаситезии ронандагони мазкур роҳи нақлиётгардро танг ва мушкилоти тамбашавии ҳаракати воситаҳои нақлиётро ба вуҷуд овардааст, ки нисбаташон бо дастрасии талаботи моддаи 346 Кодекси ҳуқуквайронкунии маъмурӣ маводи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Ё ин кӣ, Ҳоҷибоев Абдуҳалим Абдукаримович ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Тайота Кемри», рақами қайди давлатияш tj 20-00VR/02 қоидаи ҷойивазкуниро риоя накарда дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд вазъияти тамбашавиро ба миён меоварад, ки ҳуқуқвайронкунии номбурда дар асоси талаботи қисми 3 моддаи 325 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ банду баст гардид.
Маврид ба зикр аст, ки баргузории чорабиниҳои санҷишию назоратии БДА дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома дошта ҳадафи асосии он таъмини бехатарӣ барои иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мебошад. Роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд умедвор аст, ки дар баробари таъсиррасониҳои милитсия шаҳрвандон ба хусус ронандагони воситаҳои нақлиёт низ масъулияти боинтизомиашон боло гирифта аз қоидавайронкуниҳо худдорӣ менамоянд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

17.12.2024 21:20
42