Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Рӯдакӣ
15-уми декабри соли 2024, тахминан соати 09:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “КИА”, Бобоқулов Ҳайталӣ Қурбоналиевич, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми аз дохили НФС “Билол” ба роҳи асосии ноҳияи Рӯдакӣ ворид шудан бо автомашинаи тамғаи “Хундай Аксент”, таҳти идораи Меликов Насимҷон Исматуллоевич, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи мазкур, ки бо роҳи худ ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи тамғаи “КИА”, Кавраков Холмуъмин, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мусофири дохили воситаи нақлиёти тамғаи “КИА”, Ҳамроқулов Даврон Ҷурабекович, соли таваллудаш 2000, сокини ҳамин ноҳия ва ронандаи воситаи нақлиётии “Хундай Аксент”, Меликов Н.И. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.