Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ҳодисаҳои нақлиётӣ бо оқибатҳои нохуш

13-уми декабри соли 2024, тахминан соати 18:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра»,  Раҳматов Меҳрубон, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри мазкур бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард, Алиев Барот Халилович, соли таваллудаш 1970, сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст. 
Дар натиҷа, пиёдагард Алиев Б.Х. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.  
14-уми декабри соли 2024, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Юсупов Ҷамшед Орифҷонович, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Левакант дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба муқобили ҳаракат роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Лексус РХ 350”, таҳти идораи Абдуллозода Дилшод Алишер, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Левакант бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Юсупов Ҷ.О. ва мусофири дохили автомашинаи мазкур Ҳалимова Дилафруз Исмоиловна, соли таваллудаш 2006, сокини шаҳри Бохтар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. 
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус-РХ” Абдуллозода Д.А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
14-уми декабри соли 2024, тахминан соати 02:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Авалон”, Сатторов Ойбек Худойназарович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Панҷ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба канори рости роҳ чаппа кардааст. 
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур Сатторов О.Х. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

16.12.2024 12:21
48