Боздошти чор ноболиғ бо гумони дуздӣ
Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия чаҳор ноболиғи 14-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон, 25-уми ноябри соли 2024, тахминан соати 19:45-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили терминали худкор, воқеъ дар хиёбони И.Сомонӣ, назди маркази савдои «Мавсим», ки ба ҶСП «Душанбе Сити Бонк» мансубият дорад, бо тобдиҳак (отвёрка) онро кушода, аз дохилаш 4 ҳазору 900 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.