Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ноболиғи 16-сола бо ҷурми расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, 6-уми декабри соли 2024, тахминан соати 19:20-дақиқа, дар назди бинои №16-и маҳаллаи 31-и шаҳри Хуҷанд бо ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри мазкур аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу чанҷол намуда, бо корди кистагӣ (финка)  1 маротиба ба шиками ҷабрдида зарба задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 110 ва қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

16.12.2024 11:57
31