Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани дуздии як сар асп

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо ариза марди 28-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 12-уми декабри соли 2024, тахминан соати 03:00 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзилии истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 1 сар аспи калонро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 80 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини ноҳияи Балҷувон ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

13.12.2024 8:59
19