Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолати тамаъҷӯӣ, ки ба воситаи интернет содир шудааст

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 44-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, моҳи октябри соли 2024 бо марди 28-солаи сокини ноҳияи Спитамен тариқи шабакаҳои интернетии «Инстаграм» худро ҳамчун зан муаррифӣ намуда, шиносоӣ пайдо намудааст. 
Сипас бо ин муносибати ошиқона аз ҷабрдида хоҳиш мекунад, ки аксҳои ҳолати урёнашро равон кунад, пас дар ҳолати равон кардани аксҳои мазкур гумонбаршаванда бо мақсади ба даст овардани маблағи пулӣ бо роҳи шантаж ва тамаъҷӯӣ, ки бо баҳонаи паҳн намудани аксҳои мазкур ба шабакаҳои интернетӣ ва вайрон намудани оилааш маблағи пулӣ ба миқдори 10 ҳазор сомонӣ талаб мекунад. Баъдан охирҳои моҳи ноябри соли 2024 шароити оилавиашро фаҳмонида 1 ҳазору 700 сомонӣ ба корти “Душанбе Сити”, ки ба гумонбаршаванда тааллуқ дошт партофтааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

13.12.2024 8:53
43