Дастгир гардидани ноболиғи 15-сола барои қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия духтарбачаи ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 11-уми декабри соли 2024, тахминан соати 21:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиашон бо падари ӯгаяш марди 37-солаи сокини ноҳияи Шахритус, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт ва дар рафти муноқиша бо модараш зани 33-солаи сокини ҳамон ҷо, ки ӯ мехост модарашро бӯғӣ кунад, ҳамин лаҳза гумонбаршаванда барои модарашро раҳо кардан бо корди ошхонагӣ 1 маротиба ба қисмати пушти ҷабрдида зарба зада, ӯро захмӣ намудааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.