Ба худкушӣ расонидани ҳамсар
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 26-солаи сокини шаҳри Истаравшан соли 2022 бо ҷавонзани 21-солаи сокини ҳамон ҷо оила барпо намуда, мунтазам муомиоти бераҳмона карда, шаъну шарафи ҳамсарашро паст зада, шаби 27 ба 28-уми ноябри соли 2024 дар манзили истиқоматиаш ӯро лату кӯб намуда, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида бо мақсади худкушӣ маҳлули сиркоро истеъмол намудааст.
Тибқи хулосаи ташхиси суддӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида дар намудани заҳролудшавӣ бо маҳлули сирко, сӯзиши кимиёвии сурхруда, даҳон ва меъда, бинобар хавфнок буданаш ба ҳаёт ҳамчун зарари вазнин ба саломатӣ расонидашуда мансуб дониста мешавад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.