Дастгир шудани ҷавони 25-сола бо ҷурми тамаъҷӯӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳҳои август ва сентябри соли 2024, дар шаҳри Истраи вилояти Москваи Федератисияи Россия бо роҳи тамаъҷӯӣ ва таҳдиди истифодаи зӯроварӣ аз марди 35-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ 40 ҳазор рубли русӣ талаб карда гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.