Дастгир гардидани марди 31-сола бо ҷурми қаллобӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини шаҳри Турсунзода бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳҳои май ва августи соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 166 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки ба ӯ 6-адад автомашинаи тамғаи «Опел», соли бароришашон 2005-ро медиҳад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода, маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.