Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲАФТАНОМАИ «ҚОНУН ВА ҶОМЕА»: Озмунҳо ҷамъбаст ва ғолибон қадрдонӣ гардиданд.

Рӯзи 9 декабри соли ҷорӣ дар ВКД маросими ҷамъбасти озмунҳои «Беҳтарин тарғибгарони маърифати ҳуқуқӣ» ва «Як гӯшаи зебои минтақаи хизматии ман» доир гардид.
Нахуст, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо ғолибон ва аъзои ҳакамонро хушомадед гуфта, ба онҳо баҳри иштирок, ғолибият ва саҳмгузорӣ дар озмунҳои «Беҳтарин тарғибгарони маърифати ҳуқуқӣ» ва «Як гӯшаи зебои минтақаи хизматии ман» аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳори сипос намуд.
Мавсуф иброз дошт, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити имрӯза марҳилаи нави тараққиёт ва пешрафтро паси сар карда истодааст, ки бо назардошти ин, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама ба танзими ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон эҳтиёҷ дорад. Аз ин ҷост, ки тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, асоси бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳад.
Хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карданд.
Воқеан, «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 аз ҷониби Пешвои миллат дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон саҳифаи нав боз намуд.
Бо мақсади иҷрои бандҳои «Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 тасдиқ гардидааст, дар Вазорати корҳои дохилӣ нақшаи чорабиниҳои алоҳида мавриди амал қарор дода шуд.
Дар ин радиф, ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии «Қонун ва ҷомеа»-и назди Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати иҷроиш ва инъикоси дастуру супоришҳо ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири корҳои дохилӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва таҷлили 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик озмунҳои «Беҳтарин тарғибгарони маърифати ҳуқуқӣ» ва «Як гӯшаи зебои минтақаи хизматии ман»-ро дар байни ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъу томҳои он дар миқёси ҷумҳурӣ эълон намуд.
Ҳамин тавр, тибқи Фармоиши Вазири корҳои дохилӣ дар озмуни «Беҳтарин тарғибгарони маърифати ҳуқуқӣ» адъюнкти курси 2-юми Академияи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Омск подполковники милитсия Амриддин Камолзода ҷойи якум ва сардори шуъбаи тафтишотии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Муҳаббатзода Мирзо Муҳаббат ҷойи дуюмро соҳиб гардиданд. Муовини сардори Шуъбаи Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и ВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ лейтенанти калони милитсия Илҳом Исломзода ва корманди Шуъбаи 1-уми ВКД дар шаҳри Исфара прапоршики милитсия Муҳсинҷон Ёсинҷонов - ҳарду мақоми сеюмро сазовор шуданд.
Дар озмуни «Як гӯшаи зебои минтақаи хизматии ман» бошад, нозири минтақавии Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ҳисор майори милитсия Маҳмадхон Исматов соҳиби ҷойи дуюм гардид. Ду корманди ШВКД дар шаҳри Турсунзода - нозири калони минтақавии Минтақаи хизматии милитсияи №10 майори милитсия Раҳимҷон Шарифзода ва нозири минтақавии ин минтақаи хизматӣ лейтенанти калони милитсия Худобахш Илҳомҷонзода ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Ғолибони озмунҳои «Беҳтарин тарғибгарони маърифати ҳуқуқӣ» ва «Як гӯшаи зебои минтақаи хизматии ман» бо “Ифтихорномаи фахрӣ”-и Вазорати корҳои дохилӣ ва мукофотпулиҳо қадрдонӣ гардиданд.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо бори дигар ғолибонро барои муваффақият дар ин озмунҳои касбӣ табрик гуфта, ба онҳо тансиҳативу хотирҷамъӣ, саодату сарбаландӣ ва хизмати арзандаву сазовор таманно намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии "Қонун ва ҷомеа" бо мақсади омӯзиш ва ташаккули маърифати ҳуқуқӣ, такмили донишҳои ҳуқуқии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин дарёфти чеҳраҳои нави ҳуқуқдон ва баланд бардоштани завқи омӯзиши илмҳои ҳуқуқшиносӣ, бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" озмуни "Беҳтарин тарғибгарони маърифати ҳуқуқӣ"-ро доир намуд. Ба озмун танҳо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он, шунавандагону курсантони муассисаҳои таълимии ВКД ва афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ мақолаҳои худро пешниҳод карданд.
Ба ин монанд, ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии "Қонун ва ҷомеа" бо мақсади инъикоси нақши кормандони милитсия, аз ҷумла нозирони минтақавӣ дар маҳали хизмат, нишон додани як гӯшаи зебои минтақаи хизматӣ, ки як гӯшаи Тоҷикистони азиз маҳсуб меёбад, баланд бардоштани завқи зебоипарастии кормандон ва муаррифии ҷойҳои зебои Ватани азизамон, ҳамзамон тарғиби ҳамкории тарафайни мақомоти милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дастоварду пешравиҳои минтақаи хизматӣ, озмуни «Як гӯшаи зебои минтақаи хизматии ман»-ро эълон намуда буд.
Озмунҳо дар як давр тавассути ҳафтаномаи "Қонун ва ҷомеа" гузаронида шуда, дар вақти баҳогузорӣ ва холгузорӣ ба мақолаҳо маҳорати ҳуқуқдонии кормандон (муаллифон), иқтибос аз қонунҳои амалкунандаи самти фаъолият, истифодаи дурусти истилоҳоти ҳуқуқӣ, имлои забони тоҷикӣ, мақолаҳои хуби таҳлилӣ дар самти фаъолият ба назар гирифта шуданд.
Наврӯз ҶОБИРОВ,
Тоҷиддин ЛАТИПОВ

09.12.2024 17:53
235