Рух додани якчанд ҳодисаи нақлиётии марговар дар роҳҳои кишвар
6-уми декабри соли 2024, тахминан соати 00:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Раҳимов Сунатулло Амирович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Ҷайхун ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Дӯстӣ ба самти ноҳияи Ҷайҳун дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз уҳдаи идораи воситаи наклиёт набаромада, ба бетони канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷаи расиши ноқилҳои барқӣ автомашинаи мазкур оташ гирифта, худи ронанда Раҳимов С.А. ва мусофираш Зокирова Рухшона Шамсуллоевна, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Ҷайҳун ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида ва мусофири дигари автомашинаи мазкур Ҷумаева Шервей Шамсуддиновна, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Ҷайҳун ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
7-уми декабри соли 2024, тахминан соати 09:55-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ-530», Расулов Абдураҳмон Расулҷонович, соли таваллудаш 2006, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисмати қафои автомашинаи тамғаи «ДЭУ-Дамас», таҳти идораи Бекназаров Сулаймонбек Пирназарович, соли таваллудаш 1954, сокини ноҳияи Б.Ғафуров бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ-530», Расулов А.Р. ва мусофири автомашинаи тамғаи «ДЭУ-Дамас», Иброҳимов Ҳусейн Муродович, соли таваллудаш 1962, сокини шаҳри Хуҷанд ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ-Дамас», Бекназаров С.П. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
7-уми декабри соли 2024, тахминан соати 10:00 ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Давронов Маҳмадюсуф Мирзоевич, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Рашт ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Рашт ба самти шаҳри Душанбе, дар километри 68-уми роҳи мошингарди “Ваҳдат-Рашт-Лахш” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркашонии тамғаи «Шакман», ки дар роҳи мошингарди “Оби-гарм-Нуробод” беназорат меистод, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Ҳусейнов Суҳроб, соли таваллудаш 1983, Абдуҷабборов Салоҳуддин, соли таваллудаш 1999, сокинони ноҳияи Рашт ва Давронова Гулсун Мирзоевна, соли таваллудаш 2008, сокини ҳамон ҷо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Инчунин мусофири дигари автомашинаи мазкур Қандакова Назирбӣ, соли таваллудаш 1950, сокини шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
7-уми декабри соли 2024, тахминан соати 17:00 ронандаи автомашинаи тамғаи «ЗИЛ», Зокиров Зокирҷон Абдулазизович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳангоми харакат аз самти маркази ноҳия ба самти манзили истиқоматиаш дар роҳи мошингарди деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони ноболиғ, Саҳобов Маҳмадрасул Фирдавсович, соли таваллудаш 2018, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Саҳобов М.Ф. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
7-уми декабри соли 2024, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Сарахонов Салим Усмонқулович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати шаҳраки Вахши ноҳияи мазкур ба самти ҷамоати деҳоти Машъали ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қафои автомашинаи боркаши тамғаи “Хундай-Портер”, Занҷиров Салимҷон Олимҷонович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Вахш, ки дар канори рости роҳ таваққуф карда буд, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғи “Опел-Вектра”, Сарахонова Мақсатой Ҷурахоновна, соли таваллудаш 1966, сокини ҳамин ноҳия дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва худи ронанда ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
7-уми декабри соли 2024, тахминан соати 18:00 ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус ES300Н», Маҷидов Насимҷон Тағаймуродович, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кулоб ба самти ноҳияи Муъминобод, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ш.Шоҳини ноҳияи Муъминобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мототсикл таҳти идораи ноболиғ Муҳиддини Тоҷиддин, соли таваллудаш 2007, сокини ноҳияи мазкур, ки ба самти муқобили роҳ ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар н атиҷа ронандаи мототсикл, ноболиғ Муҳиддини Т. ҷароҳатҳои вазнини чисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шуда, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот иддома дорад.