Ошкор шудани муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи тарфгарӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 8-уми декабри соли 2024, тахминан соати 18:00 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд.
Аз гумонбаршаванда ба миқдори 43 ҳазору 200 дона маводи тарфгарӣ дарёфт карда, гирифта шудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо иловаи 1 қисми 2 моддаи 199 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи ноябри соли 2024, аз «Бобур» ном шахс шаҳрванди Ҷумхурии Қирғизистон, воқеъ дар кӯчаи Гулшани ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров 2 адад қуттии калони маводҳои тарфгариро ба маблағи 2 ҳазору 200 сомонӣ харидорӣ намуда, барои минбаъд ғайриқонунӣ истифода ва ба муомилот бароварданаш бо худаш нигоҳ доштааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо иловаи 1 қисми 2 моддаи 199 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.