Ифшо шудани ҳолатҳои дуздӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 8-уми декабри соли 2024, тахминан соати 11:00 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо 10-адад панҷараҳои чугуниро, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Бохтар аризаи марди 43-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 5-уми декабри соли 2024, тахминан соати 19:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мағозаи хӯроквориаш, воқеъ дар бозори ҶДММ “Ҳ.Шариф”-и шаҳри Бохтар 7 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия писарбачаи ноболиғи 15-солаи сокини ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.