Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муроҷиати Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ

Сокинони азизи пойтахтамон шаҳри Душанбе, дар муҳтавои сиёсати пешгирифтаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукри он, ки мо дар фазои сулҳу осоиш зиндагонӣ дорем. Ин тинҷиву оромӣ, амнияту тартибот бо ҳидоят ва заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат ба даст омада, натиҷааш он буд, ки пажуҳишгоҳи амрикоии «Gallup» Тоҷикистонро солҳои 2023-2024 аз лиҳози амнияту субот ва эътимоду боварии шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар байни 142 давлати ҷаҳон дар ҷойҳои аввал қарор дод.
Бояд қайд намуд, ки ба ҳаммаи ин дастовардҳо нигоҳ накарда моро бенизомӣ, бетартибиҳои базъе ронандагони воситаҳои нақлиёт ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ба ташвиш овардааст. Содиршавии садамаҳои нақлиётӣ, ки боиси фавти шаҳрвандон ва дигар қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, аз қабили дар қатори дуюм ва сеюм таваққуф кардан бе ҳуҷҷати ронандагӣ, иҷозатномаи сиёҳшиша, бо садои баланди гӯшхарош идора кардани воситаи нақлиёт, барпо намудани сабқатҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби ҷавонон, напардохтани маблағи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмии воситаи нақлиёт ҷой дорад.
Дӯстони азиз, ҳар яке бояд донад, ки истиқомат ва фаъолият намудан дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри азизамон Душанбе ин боиси ифтихор, шараф, шоистаи таҳсин ва шукргузорӣ буда, аз лиҳози эътибор бояд намунаи ибрати дигарон бошанд. 
Ҳамзамон гуфтор, рафтор, муносибату мошират, гашту гузор, сайру саёҳат дар хиёбон, боғу гулгаштҳо ҳам аз лиҳози маънавӣ ва ҳам аз лиҳози маданӣ бояд қобили таҳсини ҳамагон бошад
Дар пойтахти ҷумҳурӣ бояд фаромӯш насозем, ки меҳмонони хело зиёди хориҷию дохилӣ баҳри кору истироҳат қарор дошта, ҳамзамон аз фарҳангу маданияти куҳани мардуми мо баҳравар мешаванд.
Бинобар ин, бо мақсади бартараф намудани ин кирдорҳои номатлуб ва ҳамагуна қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои пешгирикунанда баргузор мегардад.  
Аз сокинони шарафманди пойтахт хоҳиш карда мешавад, ки одобу муошироат, тартибу низом, қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро риоя намуда, ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар амалӣ намудани фаъолияти хизматӣ кӯмаки худро дареғ надоранд.  

07.12.2024 20:26
118