Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани ду ҳодисаи дуздӣ 

Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён аризаи зани 37-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 3-юми декабри соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо 31 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Фархор аризаи марди 47-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки  шаби 26 ба 27-уми ноябри соли 2024, тахминан соати 01:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо 54 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.  
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

05.12.2024 16:40
32