Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили Рӯзи таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсия дар вилояти Хатлон

5 декабри соли 2024 бахшида ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи ДТММ-и  вилояти Хатлон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Баъди садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон полковники милитсия Шокирзода Хайриддин диловарони Дастаи таъиноти махсуси милитсияро аз номи роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ба муносибати Рӯзи таъсисёбӣ самимона шодбош намуд. Аз ҷумла, иброз дошт, ки ҳайати шахсии ин ниҳод дар мубориза бо ҷинояткорон ва таъмини сулҳу оромӣ дар кишвар хизматҳои беназир кардаанд.    
Ҳайати шахсии Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то ба имрӯз ба Савганди худ содиқ монда, дар мубориза бо ҳама гуна унсурҳои ҷиноятпеша пешсаф мебошанд.
Дар муддати 29 соли фаъолият дар минтақаҳои гуногуни кишвар барои безарар гардонидани дастаҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша ва гурӯҳҳои террористӣ муборизаи беамон бурда, бо андешидани тадбирҳои фаврӣ ва гузаронидани амалиётҳои махсус аз худ шуҷоату мардонагии воқеӣ нишон додаанд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити будубоши сохторҳои низомӣ беҳтар гардида, пойгоҳи моддиву техникии ин ниҳод бо техникаи ҳозиразамон ва муҳимоти ҷангӣ таъмин мебошад. Ҳайати кормандони ин ниҳод ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлату ҷомеа буда, махсусан дар солҳои барои таърихи навини кишварамон вазнину душвор бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангини таърих бо сарбаландӣ гузаштаанд.
Дар рафти чорабинии тантанавӣ як қатор кормандон барои хизматҳои содиқона ба халқу Ватан бо Ифтихорномаҳои фахрӣ, Сипосномаҳо  ва маблағҳои пуливу молӣ дар вазъияти тантанавӣ сарфароз гардиданд. Барои ҳайати шахсии ДТММ дастархони идона густурда шуд.
Ҳамзамон чунин як чорабинии бошукӯҳ дар Қисми минтақавии Раёсати ВКД оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кулоб гузаронида шуд.

05.12.2024 16:36
83