Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи селекторӣ оид ба пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳҳо ва бартараф намудани камбудиҳо дар ин самт

4 декабри соли 2024 дар толори асосии Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи селекторӣ дар назди Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баргузор гардида, масъалаҳои пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, бартараф намудани камбудиҳои техникӣ, танбашавии воситаҳои нақлиёт, таваққуфи ғайриқонунӣ, утилизатсия (нобудсозӣ), пардохти андоз аз воситаҳои нақлиёт, дигар пардохтҳо ва таъмини ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор дода шуданд.
Таъкид карда шуд, ки таваққуф ва ҳаракати нодуруст, ки боиси танбашавӣ мегардад ва ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти махсуси оташнишонӣ, ёрии таъҷилӣ ва милитсия халал эҷод мекунад, чунин ронандагон тибқи қонун ба ҷавобгарӣ ҷалб гардида, воситаи нақлиёташон боздошт карда мешавад.
Ҳамчунин ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо, ба монанди нагузаштан аз муоинаи техникӣ, суғурта ва дигар қоидавайронкуниҳое, ки тавассути Маркази низоми худкори идоракунӣ «Шаҳри бехатар» ба қайд гирифта мешаванд, чораҳои қатъӣ андешида мешавад. 

Гул Маҳбуба 

05.12.2024 11:14
275