Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани якчанд ҳодисаи нақлиётии марговар

1-уми декабри соли 2024, тахминан соати 16:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Филдер», Шоумаров Давлат Шокаримович, соли таваллудаш 2006, сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми харакат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанок», воқеъ дар деҳаи Қалъачаи Араби ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада автомашинаи мазкурро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашина, ноболиғ Расулов Азизҷон Ҳамидович, соли таваллудаш 2009, сокини шаҳри Истаравшан ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
1-уми декабри соли 2024, тахминан соати 21:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, Мирзошарифов Маҳмадюсуф Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Хуросон ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Панҷ воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Вахш аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Шарипова Малоҳат Иззатовна, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Ҷайҳунро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Шарипова М.И. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

03.12.2024 15:08
46