Дастгир гардидани ҷавондухтари 18-сола бо ҷурми тамаъҷӯӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 26-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 20-уми ноябри соли 2024, "Саодат" ном шахс, ки номи саҳифааш дар шабакаи интернетӣ “милая 2007” ба қайд гирифта шудааст, бо тариқи шабакаи иҷтимоии “Ватсап” бо ӯ дар алоқа шуда, ба воситаи занги видеоӣ расми баданашро гирифта, баъдан бо роҳи тамаъҷӯӣ ва таҳдид, ки расматро ба шабакаи интернетӣ мепартоям аз ӯ 8 ҳазор сомонӣ ва як адад телефони айфон “12 про макс”-ро гирифтааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавондухтари 18-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.